Дар шаҳри Конибодом нахустин фестивали байналмилалии «Шашмақом» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бори нахуст Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон- шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Конибодом гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар фестивал гурӯҳҳои шашмақомсарои Тоҷикистон ва Ўзбекистон даъват шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи фестивал Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзўи «Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият» доир мегардад.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






