Дар Суғд пасандози аҳолӣ 7,5 маротиба зиёд шудааст

Сентябрь 28, 2017 13:57

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябри соли 2017 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода зимни маърӯза «Оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр кард, ки  ҳадафи асосии қабул гардидани қонуни мазкур, пеш аз ҳама, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии сокинони кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои шаҳрвандон мебошад. Дар тӯли 10 соли амали қонун мардуми кишвар дар натиҷаи сарфакорӣ имкон ёфтанд, ки  манзилҳои замонавӣ бунёд карда, барои таҳсили фарзандон ва истироҳату табобат маблағ пасандоз кунанд. Дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 400 ҳазор маъракаҳо  баргузор гардида, дар онҳо 1,6 млрд. сомонӣ харҷ ва 3,1 млрд. сомонӣ сарфа шудааст. Илова бар ин, шурӯъ аз соли 2009 тӯйи хатнаи 7 ҳазор кӯдак ва тӯйи хонадоршавии 300 нафар ҷавонон ба таври хайриявӣ ба роҳ монда шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 53 фисади соли 2007 то 31 фисад поён рафтааст. Пасандозҳои аҳолӣ дар соли 2016 ба 1 млрд. 612,7 млн.  сомонӣ расидааст, ки назар ба соли 2007 7,5 маротиба зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Рустам Раҳматзода, Қонуни танзим ба кам гардидани маъракаҳои беҳуда боис шуда, бар замми ин хароҷоти маъракаҳо низ аз ҷиҳати молиявӣ ва забҳи чорво кам ва теъдоди ақди никоҳ ба маротиб афзудааст. Тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо минбаъд масъулияти ҳар нафарро дар риояи талаботи он бештар мегардонад.

Ҳамзамон аз рӯи масъалаи мазкур раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Прокурори вилоят ва дигар мутасаддиён тавсия дод, ки роҳу усулҳои таъсиррасониро ба манфиати мардум дар мисоли ташкили хизматрасониҳои алтернативӣ бо нархҳои дастрас омӯхта, пешниҳод омода созанд.

Сентябрь 28, 2017 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд