Дар Тоҷикистон аз сабаби вазиши боди сард якбора обу ҳаво тағйир ёфт

Сентябрь 29, 2017 09:15

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябр аз сабаби вазиши боди сард аз минтақаи шимоли кишвар дар ҷумҳурӣ тағйирёбии боду ҳаво ва пастшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 29 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои абрию боронӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳию баландкӯҳҳо раъду барқ ва боридани барф дар назар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.

Ба иттилои Агентӣ, дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат шабона ба 4-9  ва рӯзона ба 10-15 дараҷа расида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои кишвар имкони сардшавии бармаҳали то 0 дараҷа пешбинӣ мешавад. Дар ҷануби кишвар, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон вазиши боди сахт пешгӯӣ карда мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар қисмати ҷануб ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ бо назардошти вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал меояд.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрноки боронӣ ва раъду барқ дар назар аст. Дар пойтахт ҳарорати ҳаво паст шуда, ба 25 дараҷа мерасад.

Сентябрь 29, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад