Дар Тоҷикистон пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ қариб ба 97 фоиз расид
ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» то 15 сентябри соли 2017 пардохти нафақаи 637 ҳазору 388 нафар нафақагиронро дар 67 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 177 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монданд. Теъдоди нафақагирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 164 ҳазору 414 нафар ва талаботи моҳона 55 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагироне, ки пардохти нафақаашон тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 96,8 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил менамояд.
Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 сентябри соли равон 658 ҳазору 048 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 255 нафар афзоиш ёфтааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






