Дар Япония 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҷамъомади расмӣ доир намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш ба сифати меҳмони расмӣ Вазири давлатии корҳои хориҷӣ Масаҳиса Сато — намояндаи Ҳукумати Япония иштирок намуд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш муовини парлумонии Вазири корҳои дохилӣ ва коммуникатсия Ямада Шуҷи ва вакили палатаи болоии Парлумони Япония — узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония Кейзо Такэми иштирок намуданд. Дар қабули расмӣ намояндагони ҳукуматӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Япония, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), зиёиён, соҳибкорон, намояндагони ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Япония, воситаҳои ахбори омма, инчунин ҳамватанон — устоди донишгоҳ ва донишҷӯён, ки айни замон дар Япония ба таҳсил машғул мебошанд, ширкат намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арзиши таърихии истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти воситаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баррасӣ намуд.
Намояндаи расмии Япония- Вазири давлатии корҳои хориҷӣ Масаҳиса Сато аз номи Япония табрикот ва таманниёти некро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония иброз намуд. Аз ҷумла, Масаҳиса Сато нақши муҳими Тоҷикистонро дар таъмини амният ва суботи иҷтимоиву иқтисодии минтақа таъкид намуда, дастовардҳои муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Японияро зикр кард ва даъват ба амал овард, то муносибатҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи рушди ҳамкорӣ густариш ёбанд. Вазири давлатӣ ҳамчунин аз хотираҳои неки сафари худ ба Тоҷикистон дар соли 2014, ки ҳайати расмии палатаи болоии Парлумони Японияро роҳбарӣ намуда буд, ёдовар шуд.
Дар ҳамоиш меҳмонон тавонистанд бо суннатҳои меҳмоннавозӣ, дӯстӣ ва некхоҳии анъанавии тоҷикон шинос шаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






