Дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар баргузор мешаванд.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми коргардони шинохта Носир Саидов — «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Фотима Машрабова, Афзалшо Шодиев, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст.
Ҳамчунин санъати рақси миллии тоҷикиро дар Ўзбекистон ансамбли овозадори «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.










Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






