Дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд

Сентябрь 19, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар баргузор мешаванд.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми коргардони шинохта Носир Саидов — «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.

Дар барномаи консертӣ  дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди  тоҷик  Давлатманд Холов,  Саидқул Билолов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Фотима Машрабова, Афзалшо Шодиев, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст.

Ҳамчунин санъати рақси миллии тоҷикиро дар Ўзбекистон ансамбли овозадори  «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.

Ансамбли ракси (2) Давлатманд Холов

Сентябрь 19, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст