ДАСТОНИ НОПОК: заминсози ноҳияи Ёвон бо ҷурми гирифтани пора дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2017 / АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир гардидани заминсози ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Зафар Сангинмуродов ва ҳаммаслакаш Бахтиёр Авғонов бо ҷурми гирифтани пора хабар медиҳад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, Зафар Сангинмуродов бо маслиҳати пешакӣ бо Бахтиёр Авғонов аз шаҳрванд «А» барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2000 доллари ИМА талаб намуда, 1000 доллари ИМА ва 1000 сомониашро гирифта, оварда додани маблағи боқимонда-5000 ҳазор сомонии дигарро талаб намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ ин ду нафар баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардиданд.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбат ба дастгиргардидагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.









Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






