ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд» истихроҷи ангиштро ба 30 ҳазор тонна мерасонад
ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» зиёда аз 15 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуда, ба аҳолии ҷумҳурӣ пешкаш намудааст. Масъулини корхона ният доранд, ки то оғози мавсими зимистон истихроҷи ангиштро ба 30 ҳазор тонна расонанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд» Сафарбек Назаров иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ширкат барои дар сатҳи баланд паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бо 150 корхонаю муассисаҳои буҷавии шаҳри Ваҳдат шартнома баста, аз 1200 тонна ангишт, ки талаботи шаҳри Ваҳдат мебошад, зиёда аз 90 фоизи онро ба ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ ворид намудааст. Инчунин ширкати мазкур барои таъмини аҳолӣ бо ангишти хушсифат бо соҳибкорони инфиродӣ шартнома баста, тариқи онҳо қисме аз сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаи Рашт ва вилояти Хатлонро бо ангишт таъмин мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






