Эмомалӣ Раҳмон: «Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем»

Сентябрь 20, 2017 10:19

ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк аз  душвориҳои сахту сангине, ки мардуми тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ паси сар намуд ва дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон қурбон шуданд, ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки «Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем».

Ҳамзамон Сарвари давлат дар суханронӣ изҳор намуданд, ки маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем.

Вобаста ба ин Пешвои миллат бори дигар изҳор доштанд, ки сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, эҷоди шароити мусоид барои тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милал ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории гуногунҷанбаву судмандро бо кишварҳои мухталифи олам густариш дода,  ҷиҳати таъмини ҳамгироии минтақавӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сентябрь 20, 2017 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд