Эмомалӣ Раҳмон: «Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард»

Сентябрь 1, 2017 09:25

ДУШАНБЕ, 1.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  “Ман хурсандам, ки сол аз сол теъдоди зиёдтари донишҷӯёни тоҷик ба Чин барои омӯхтани забони Конфутсий ва забони Дэн Сяопин омада, дар беҳтарин донишкадаву донишгоҳҳои олии Чин таҳсил доранд, илму маърифат ва касбҳои муосирро аз худ менамоянд”, —   изҳор намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин.

«Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард. Зеро умеду ормонҳои мо аз шумо — насли наврасу соҳибмаърифат, хеле калон аст»,- баён доштанд Сарвари давлат ва  зимнан дар ин бобат як зарбулмасали чиниро ёдрас намдуданд: «Аз хоб дер хестӣ, рӯзатро бохтӣ, дар ҷавонӣ илму дониш аз бар накардӣ, ҳаётатро бохтӣ».

Ҳамчунин Пешвои миллат ба ҷавонон муроҷиат намуданд, ки бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои барояшон фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаашонро аз худ намоянд. Дар такя ба андӯхтаҳои маънавию ахлоқии ниёгони бузургамон, ки дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ чун офарандагони сарватҳои бузурги моддиву маънавӣ эътироф шудаанд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд, забон ва фарҳангу маданияти волои мардуми Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъда амиқ омӯзанд.

«Мо умедворем, ки шумо ба Ватан бо донишу малакаи баланди касбӣ баргашта, ба манфиати ҷомеа хизмати самараноку арзанда хоҳед кард. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо — ҷавонон, мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст», — афзуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 1, 2017 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд