«Файзи Истиқлол» — намоиши амалҳои рассомон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Файзи Истиқлол» — таҳти чунин унвон намоиши амалҳои рассомон бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиш Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ифтитоҳ гардидани намоиши рассомон таҳти унвони «Файзи Истиқлол» хеле рамзист. Чунки дар он на фақат манзараҳои табиати диёри офтобӣ, балки он дастовардҳое, ки дар тӯли истиқлолият рассомони тоҷик ба даст овардаанд, намоиш дода мешавад.
Бояд зикр намуд, ки иштирокчиён дар намоиш бо эҷоди рассомони чирадаст аз қабили Карим Мӯъминов, Наим Мӯъминов, Шариф Ҳикматов, Саиднеъмат Саидоқилзода, Далер Усмонов, Акбар Исоев, Валӣ Маҳмудов ва дигарон шинос шуда, ба истеъдод ва маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.
Қобили зикр аст, ки Арт-галереяи «Сомониён» ҳамчун маркази намоиши асарҳои тасвирӣ аз соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, дар тӯли қариб 20 сол, зиёда аз 150 намоиши хурду бузурги рассомонро ба маърази тамошо гузоштааст.








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






