«Фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия мекунем!» -қавли сокинон зимни ифтитоҳи бинои нави мактаб дар водии Бартанг

Сентябрь 12, 2017 11:09

ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои замонавӣ гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бино бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии молии соҳибкори муваффақу ватандӯст Нағзибек Нағзибеков  бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорон ва волидони онҳо туҳфа гардид.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Имомназар Хоҷаназар, сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев ва муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Эраҷ Азизмамадов ширкат намуданд.

Новый рисунок (1)Раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳаро бо ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «ҳамаи ин пешрафту дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва фазои сулҳу амонӣ дар кишвари мо маҳз тавассути Истиқлолият ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арзи вуҷуд намудаанд».

Ба иттилои манбаъ, аҳли деҳа бо шодию фараҳ ва изҳори сипос ба Сарвари давлат, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкори ватанӣ ва бинокорон баён доштанд, ки дар навбати худ саъю талош мекунанд, то фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи Тоҷикистон тарбия намоянд.

Сентябрь 12, 2017 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад