Филми «Коса» дар Фестивали 9-уми филмҳои афғонӣ соҳиби ҷоизаи асосӣ гардид!
ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Коса»-и муассисаи «Суғдсинамо» дар Фестивали IX филмҳои афғонӣ, ки чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кўтоҳмуддат» дар байни филмҳои хориҷӣ гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм- «Коса» ва «Духтари Сайҳун», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё, ки бо забони форсӣ-тоҷикӣ (дарӣ) ба навор гирифта шудаанд, иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки мавзўи филмҳои фестивал мушкилоти кўдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.
Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар фестивалҳои синамоӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Бритониёи Кабир низ иштирок карда, санъати синамои тоҷикро муаррифӣ карда буд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






