ФУТБОЛ: КМВА «Помир» бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пирӯз гардид

Сентябрь 15, 2017 10:41

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва КМВА «Помир»-и  шаҳри Душанбе бо ҳам дидор анҷом доданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  бозии ҷавобии дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе  дар  даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар майдони бошгоҳи КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе  баргузор шуд.

Футболбозони дастаи КМВА «Помир» аз оғози бозӣ хеле фаъол буда, дар қисмати аввали дидор бо задани ду гол бартарии худро нисбат ба ҳариф нишон доданд. Шамсиддин Қосимов  дар дақиқаи 26-уми дидор ҳисоби бозиро кушод ва Билол Сулаймонов дар дақиқаи 35-уми бозӣ шумораи голҳои дастаи КМВА «Помир»-ро дучанд сохт.

Помир ва ВахшБа ду голи задаи дастаи КМВА «Помир» футболбозони дастаи  «Вахш» танҳо дар қисмати дуюми дидор бо як гол посух гуфтанд. Парвиз Охунов дар дақиқаи 60-ум тӯбро вориди дарвозаи дастаи  КМВА «Помир» намуд. Баъд аз 15 дақиқа Орзу Додхудоев бо голи задаи хеш ҳисоби бозиро 1:3 намуд. Голи дуюми дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро дар дақиқаи 81-уми дидор Наим Иброҳимзода вориди дарвоза кард.

Ҳамин тариқ, бозии дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа ва КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 2:3 бо пирӯзии  дастаи  КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе  хотима ёфт.

Ҳамакнун  дастаи  КМВА «Помир»-и шаҳри Душанбе   дар даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон бо   дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Эсхата»-и Хуҷанд дидор анҷом хоҳад дод.

Сентябрь 15, 2017 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид