Футболбозони навраси тоҷик бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018-ро бо ғалаба оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Точикистон бозии якуми худро дар гурӯҳи «В» бо ғалаба оғоз намуд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, футболбозони ҷавони мо бо ҳамсолони худ аз дастаи футболи мунтахаби Сурия дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор рақобат намуда, онҳоро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Голҳоро Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Малдив 22 сентябр вомехӯрад. Ин дидор соати 19:00 шурӯъ мешавад.
Бояд зикр кард, ки дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ дастаи мунтахаби Уммон бар дастаи Малдив бо ҳисоби калони 8:0 ғолиб омад.
Хотиррасон менамоем, ки ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё, ки аз 20 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар Малайзия сурат мегирад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳояшон соҳиби мақоми дуюм мешаванд, роҳхат мегиранд.









Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






