Хабарнигори АМИТ «Ховар» соҳиби Ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ гардид

Сентябрь 19, 2017 10:16

ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоҳирӣ сазовори Ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои  маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва табобати бемории сил гардид.

Бояд зикр намуд, ки беш аз 50 нафар намояндаи ВАО дар Озмуни имсолаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва USAID  барои  беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўи бемории сил иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ВАО ва силшиносон маводҳои воридшударо дар бахшҳои расонаҳои чопӣ, интернетӣ ва радиову телевизион баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян намуданд.

Маросими  ҷоизасупорӣ ба рӯзноманигорон  бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим  ва  USAID дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. 10 нафар рӯзноманигорон   барои эҷоди маводи беҳтарин дар мавзӯи бемории сил қадрдонӣ гардиданд.

10 нафар ғолибони озмуни мазкур – кормандони АМИТ «Ховар», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», рӯзномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила» ва «Фараж»,  сомонаи интернетии «Ҳаёти солим»,   сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳо   қадрдонӣ шуданд.

Сентябрь 19, 2017 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа