Хабарнигорони Арабистони Саудӣ оид ба мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон филм ба навор мегиранд

Сентябрь 28, 2017 09:59

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар хабарнигорони Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд, ки дар бораи шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон, мероси бои таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебоманзари он, аз қабили қуллаҳои осмонбӯси Помир, дараҳои зебоманзари Варзобу Ромит, Балҷувон, қалъаи Ҳисор, кӯлҳои «Сарез», «Ҳафткӯл» ва  «Искандаркӯл», пиряхҳову чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон, истироҳатгоҳҳо ва обҳои шифобахш, мавзеъҳои беҳтарини шикор ва амсоли онҳо филм ба навор гирифта, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро  миёни ҷаҳониён ташвиқу тарғиб намоянд.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин тадбир бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби бештари сайёҳон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ гирифта шудааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар айни ҳол намояндагони ширкатҳои сайёҳии Аврупо, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Россия ва Қазоқистон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу таблиғи он дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин давлатҳо имрӯз ба самти шаҳри Панҷакент равон гардиданд. «Меҳмонон аллакай аз шаҳри Душанбе, Дарвоз, қалъаи Ҳисор, «Искандаркӯл» дидан намуданд. Дар назар аст, ки онҳо аз ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Варзоб ва шаҳри Норак низ боздид намоянд»,- зикр намуд манбаъ.

Хабарнигорони Арабистони Сауди1 Хабарнигорони Арабистони Сауди2

 

 

Сентябрь 28, 2017 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»