Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Россияро доранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳад

Сентябрь 6, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи августи соли равон беш аз  1 ҳазору 503  нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ба  шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри  Душанбе   муроҷиат намудаанд.

Тавре аз   Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, ба ҳар шаҳрванди     қабулгардида барои омодагии пеш аз сафар ба Федератсияи Россия маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, онҳоро таъкид мекунанд, ки ба наздиконашон қонунгузориҳои нави Федератсияи Россияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонанд.

Зикр гардид, ки рӯйхати муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан манъ шудааст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои бо кор таъмин намудан ирсол гардидааст.

Ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатие, ки касб надоранд, тавсия дода шуд, ки ба Маркази таълими калонсолон муроҷиат кунанд.

Сентябрь 6, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд