Хазинаи байналмилалии асъор барои ҳамкорӣ дар таъмини суботи молиявии Тоҷикистон омода аст
ДУШАНБЕ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои дигар дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари тозатаъйини ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Падамжа Ханделвал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқоти ҷонибҳо масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда, зарурати сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусӣ ва татбиқ намудани барномаҳои якҷояи Бонки миллӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷ. Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки бо мақсади ҳамкорӣ ва татбиқи барномаҳои минбаъда бо тавсияи Хазинаи байналмилалии асъор барои қонунгузории низоми бонкии кишвар як зумра тағйиру иловаҳо таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Мавсуф ҳамчунин дар хусуси интишори нахустини рейтинги давлатӣ ва барориши муваффақонаи коғазҳои киматноки давлатии кишвар (евробондҳо) ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нави иқтисодиёти мамлакат ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ сухан гуфт.
Зимни мулоқот Падамжа Ханделвал изҳор дошт, ки ХБА барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон афзалиятнок, ки дар таъмини суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд, омода аст.
«Дар ҳолати таҳия ва пешниҳоди ин афзалиятҳо аз рӯи нақша мо омода ҳастем, ки дар сатҳи дафтари асосии Хазинаи байналмилалии асъор онро баррасӣ намоем», — зикр намуд Падамжа Ханделвал.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






