Хазинаи байналмилалии асъор барои ҳамкорӣ дар таъмини суботи молиявии Тоҷикистон омода аст

Сентябрь 30, 2017 13:49

ДУШАНБЕ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои дигар  дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари тозатаъйини ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон  Падамжа Ханделвал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд,   зимни мулоқоти ҷонибҳо масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ,    вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои пешбинишуда, зарурати сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусӣ ва татбиқ намудани барномаҳои якҷояи Бонки миллӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ч. Нурмахмадзода Ҷ. Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки бо мақсади ҳамкорӣ ва татбиқи барномаҳои минбаъда бо тавсияи Хазинаи байналмилалии асъор барои қонунгузории низоми бонкии кишвар як зумра тағйиру иловаҳо таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Мавсуф ҳамчунин дар хусуси интишори нахустини рейтинги давлатӣ ва барориши муваффақонаи коғазҳои киматноки давлатии кишвар (евробондҳо) ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нави иқтисодиёти мамлакат ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ  сухан гуфт.

Зимни мулоқот Падамжа Ханделвал изҳор дошт, ки ХБА барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои барои ҷониби Тоҷикистон афзалиятнок, ки дар таъмини суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд, омода аст.

«Дар ҳолати таҳия ва пешниҳоди ин афзалиятҳо аз рӯи нақша мо омода ҳастем, ки дар сатҳи дафтари асосии Хазинаи байналмилалии асъор онро баррасӣ намоем», — зикр намуд  Падамжа Ханделвал.

Сентябрь 30, 2017 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид