«КӮШИШҲО ОИД БА МУБОРИЗАИ МИНБАЪДА БО ИДЕОЛОГИЯИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ МУТТАҲИД КАРДА ШАВАНД!». Изҳороти иштирокчиёни Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак»
ДУШАНБЕ, 30.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар дода будем, 29 сентябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» баргузор гардид. Дар поени кори конфронс штирокчиёни изҳороти муштарак қабул намуданд, ки матни пурраи он чунин аст:
«Мо, иштирокчиёни Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» роҳҳои муштаракро баррасӣ намудем, ки ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд.
Терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ таҳдидҳои мубрам барои низоми амнияти минтақавӣ мебошанд. Рафъ намудани ин таҳдидҳо бо дарназардошти паёмадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо андешидани чораҳои қатъиро аз тарафи кишварҳо ва ҳамкории босамарро дар сатҳи байналмилалӣ талаб менамояд.
Мо қайд мекунем, ки ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия омили муҳими нигоҳ доштани суботи минтақавӣ мебошад.
Россия дар ҳамкории зич бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа муборизаи мунтазамро бо терроризм ва экстремизм пеш бурда, кўшишҳои қувваҳои беруна оиди ба роҳ мондани қолабҳои алтернативии таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ғайрисамаранок буда, на барои ба даст овардани сулҳу суббот, балки ба авҷ гирифтани бесарусомонӣ равона карда шудаанд.
Иштирокчиёни Конфронс зарфияти бузурги ташкилотҳои байналхалқии амалкунанда, пеш аз ҳама СПАД ва СҲШ-ро дар роҳи таъмини амнияти минтақавӣ эътироф намуда, даъват ба амал меоранд, ки кўшишҳо оид ба муборизаи минбаъда бо идеологияи ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид карда шаванд. Таъмини монеаи боэътимод дар роҳи даромадани ғояи терроризм, тундгароӣ, миллатгароӣ ба муҳити ҷавонон зарур аст.
Мо ташаббуси Тоҷикистонро оиди дастгирии ҳамаҷонибаи Афғонистон дар роҳи барқарор намудани ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушди инфрасохторҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии он ҷонибдорӣ менамоем. Ҳал намудани низои Афғонистон ба маҷмўи проблемаҳои амнияти минтақавӣ таъсири мусбат мегузорад.
Дар рафти вохўрӣ иштирокчиёни конфронс ба қароре омаданд, ки дар роҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои коршиносӣ ва таҳлилии Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчўбаи коркарди мавқеи умумӣ оид ба таъмини амнияти ҳамаҷониба дар минтақа тамоми кўшишҳои имконпазирро равона мекунанд.
Мо инчунин омодагии худро оид ба ташкили чорчўбаҳои доимӣ бо иштироки коршиносони Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ мекунем.
Бо эътирофи нақши муҳими ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба падидаҳои ифротгароӣ ва террористӣ, иштирокчиёни конфронс аз намояндагони ВАО даъват карданд, ки ҳодисаҳои террористиро ба таври касбӣ ва масъулона инъикос намоянд».








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






