«КӮШИШҲО ОИД БА МУБОРИЗАИ МИНБАЪДА БО ИДЕОЛОГИЯИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ МУТТАҲИД КАРДА ШАВАНД!». Изҳороти иштирокчиёни Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак»

Сентябрь 30, 2017 10:53

ДУШАНБЕ, 30.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар дода будем, 29 сентябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак»  баргузор гардид. Дар поени кори конфронс штирокчиёни изҳороти муштарак қабул намуданд, ки матни пурраи он чунин аст:

«Мо, иштирокчиёни Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак»  роҳҳои муштаракро баррасӣ намудем, ки ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд.

Терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ таҳдидҳои мубрам барои низоми амнияти минтақавӣ мебошанд. Рафъ намудани ин таҳдидҳо бо дарназардошти паёмадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо андешидани чораҳои қатъиро аз тарафи кишварҳо ва ҳамкории босамарро дар сатҳи байналмилалӣ талаб менамояд.

Мо қайд мекунем, ки ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия омили муҳими нигоҳ доштани суботи минтақавӣ мебошад.

DSC_0753Россия дар ҳамкории зич бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа муборизаи мунтазамро бо терроризм ва экстремизм пеш бурда, кўшишҳои қувваҳои беруна оиди ба роҳ мондани қолабҳои алтернативии таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ғайрисамаранок буда, на барои ба даст овардани сулҳу суббот, балки ба авҷ гирифтани бесарусомонӣ равона карда шудаанд.

Иштирокчиёни Конфронс зарфияти бузурги ташкилотҳои байналхалқии амалкунанда, пеш аз ҳама СПАД ва СҲШ-ро дар роҳи таъмини амнияти минтақавӣ эътироф намуда, даъват ба амал меоранд, ки кўшишҳо оид ба муборизаи минбаъда бо идеологияи ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид карда шаванд. Таъмини монеаи боэътимод дар роҳи даромадани ғояи терроризм, тундгароӣ, миллатгароӣ ба муҳити ҷавонон зарур аст.

Мо ташаббуси Тоҷикистонро оиди дастгирии ҳамаҷонибаи Афғонистон дар роҳи барқарор намудани ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушди инфрасохторҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии он ҷонибдорӣ менамоем. Ҳал намудани низои Афғонистон ба маҷмўи проблемаҳои амнияти минтақавӣ таъсири мусбат мегузорад.

Дар рафти вохўрӣ иштирокчиёни конфронс ба қароре омаданд, ки дар роҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои коршиносӣ ва таҳлилии Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчўбаи коркарди мавқеи умумӣ оид ба таъмини амнияти ҳамаҷониба дар минтақа тамоми кўшишҳои имконпазирро равона мекунанд.

Мо инчунин омодагии худро оид ба ташкили чорчўбаҳои доимӣ бо иштироки коршиносони Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ мекунем.

Бо эътирофи нақши муҳими ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба падидаҳои ифротгароӣ ва террористӣ, иштирокчиёни конфронс аз намояндагони ВАО даъват карданд, ки ҳодисаҳои террористиро ба таври касбӣ ва масъулона  инъикос намоянд».

Сентябрь 30, 2017 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд