Хонандагони деҳаи дурдасти Муни ноҳияи Шуғнон соли нави таҳсилро дар бинои замонавӣ оғоз карданд

Сентябрь 1, 2017 11:41

ХОРУҒ, 1.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон аз бинои кӯҳна, ки дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта буд, ба бинои нав кӯчиданд.

Яке аз омӯзгорони собиқадори деҳа Даврон Сулаймонов гуфт, ки «бештар аз 50 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф кардам ва ҳамеша аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар биноҳои хуштарҳу замонавиро дида, орзу мекардам, ки замоне расаду кӯдакону наврасони деҳаи мо ҳам дар чунин биноҳо таълим гиранд.

Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат мо соҳиби чунин таълимгоҳи аз ҳар ҷиҳат зебо гардидем. Илова бар ин, таълимгоҳ бо таҷҳизоти муосири технологӣ таъмин аст, ки дар шароити кунунӣ бе технологияи муосир ба воя расондани кадрҳои хубу варзида ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ Пешвои миллат зимни суханронӣ дар назди омӯзгорону донишҷӯёни Академияи  Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бори дигар аз аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки «дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад».

Бинои мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бунёд ёфта, барои сохтмони он 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Сентябрь 1, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст