Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшиданд. Дар саҳни мактаб Пешвои миллатро омӯзгорону толибилмон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Мактаби мазкур барои 760 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири дарсомӯзист. Сохтмони иншооти мазкур соли 2015 оғоз ёфта буд ва мактаб дар зарфи ду сол бо назардошти талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар майдони 2 гектар ба истифода дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои анҷомёфта шинос гардида, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки таълимгоҳ аз чор бино иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, утоқҳои муосир барои омӯзгорон, кабинетҳои инкишофи кӯдак, ҳамшираи шафқат, муҳосибот, синфхонаҳо барои дарсҳои иловагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин барои толибилмон толори варзишии муосир бо 200 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ бо 214 ҷои нишаст, ошхона бо 60 ҷой ва китобхона бо 32 нишастгоҳ бунёд ёфтааст.
Синфхонаҳои муассисаи навтаъсис тариқи буғхона, ки бо технологияи ҳозиразамон сохта шуда, бо ангишт фаъолият мекунад, гарм карда мешаванд.
Фармоишгари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, лоиҳаи мактаб аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панасиа ЛТД» таҳия шудааст.
Иншооти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд бо харҷи 15,5 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос шуданд.
Деҳқонони ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки иборат аз меваҳои тару тоза, зироат ва сабзавот буд, ба намоиш гузоштанд. Гуфта шуд, ки бо ба роҳ мондани тадбирҳои саривақтӣ дар ин ноҳияи дурдаст ҳамасола кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Ҳамзамон занони ҳунарманди ноҳия низ дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ иборат буд.
Бешак намоишгоҳи имрӯза аз кори пурмаҳсули деҳқонони ноҳия, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар порча замин ва дар маҷмўъ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳодат медод.
Пас аз ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимиву судманд анҷом доданд.
Пешвои миллат бо таҳлили дақиқу амиқи вазъи дирӯзаву имрӯзаи ноҳия, барои пешбурду рушди бештари бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таклифу пешниҳодҳои дақиқу асоснок карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






