Ифтитоҳи расмии хатсайри қатораи боркаш аз Бандари Ганҷоу ба самти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябри соли равон дар шаҳри Ганҷоу маросими расмии ифтитоҳи хатсайри қатораи боркаш аз бандари Ганҷоуи музофоти Ҷиангсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба самти Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Ганҷоу ба хабаргузории Синхуа маълумот доданд, қатораи мазкур аз 41 вагони дорои маҳсулоти рӯзгор — ҷиҳози хона, техникаи маишӣ ва либосворӣ иборат буда, тариқи гузаргоҳи наздисарҳадии Алашанкоу (Синзян) тариқи 15 рӯз ба Тоҷикистон мерасад.
Имрӯзҳо аз Бандари Ганҷоу ба самти Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Полша ва Германия хатсайрҳои ба ин монанд ҳаракат мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






