Интиқоли ғайриқонунии 1 ҳазору 500 килограмм шакари истеҳсоли Қирғизистон пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд 21 августи соли ҷорӣ, тахминан соати 19:00 дар роҳи мошингарди самти «Бобоҷон Ғафуров — Гулистон», дар ҳудуди шаҳри Гулистон воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес -416», рақами қайди давлатиаш 22 01 КЕ 02, таҳти ронандагии шаҳрванд Ф. С., соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон, барои азназаргузаронӣ боздошта шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми тафтиш муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 1 ҳазору 500 килограмм шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд буда, ин миқдор мол ба худи ронанда Ф.С. тааллуқ доштааст.
Зимни тафтишот номбурда гуфт, ки молро аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шахси ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба шаҳри Гулистон интиқол диҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ф.С. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 579-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии ‘Тоҷикистон оғоз карда шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






