Иштироки Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар муҳокимаи рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар Туркия

Сентябрь 26, 2017 16:59

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли ду рӯз дар шаҳри Бодруми Ҷумҳурии Туркия оид ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ  вохӯрии роҳбарони бонкҳои марказӣ ва мақомоти монетарии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Дар кори он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода   ширкат варзид.

Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд,  иштирокдорони ҷаласа рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкории техникӣ, мубодилаи таҷриба, ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи бонкҳои марказӣ ва самаранок ба роҳ мондани кумакҳои молиявии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси исломиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷаласаи мазкур, ки соле як маротиба доир мегардад, ба давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ имконият фароҳам меоварад, то тағйироти иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳониро баррасӣ карда, лоиҳаи густариши минбаъдаи ҳамкориро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт тарҳрезӣ намоянд.

Иштироки Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар муҳокимаи рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар Туркия1Зикр гардид, ки зимни сафари корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, инчунин бо раиси Бонки марказии Туркия Мурат Четинкая мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ, омӯзиши таҷриба дар самти бонкдории исломӣ, баррасии масъалаҳои баимзорасонии созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркия, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, дастгирии кумаки техникӣ дар самти таҳияю қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкдории исломӣ ва мусоидат ба рушди муносибатҳо миёни бонкҳо баррасӣ шуданд.

Сентябрь 26, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид