Истиқлолият ва рушди ҳуқуқи инсон
ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди ҳуқуқи инсон» мулоқот доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ВҲИ хабар доданд.
Дар мулоқот оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эътироф, эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ маърӯзаҳо хонда шуданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ санадҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, марҳила ба марҳила қонунгузории миллии худро дар ин самт такмил медиҳад.
Илова бар ин, дар даврони Истиқлолият ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳуқуқи инсон Тоҷикистон як қатор иқдомҳои муассирро пиёда намудааст, ки таъсиси ниҳоди миллии ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кӯдак, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, қабули якчанд барномаҳои давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳи Конститутсия ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он далел шуда метавонанд.
Дар мулоқот барои таҳкими Истиқлолият, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват ба амал оварда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






