Китобхонаи миллии Тоҷикистон хостори таҷдиди назар дар нархномаи пешниҳодии табодули китоб аз ҷониби Китобхонаи давлатии Россия шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Китобхонаи миллии Точикистон ва Китобхонаи давлатии Россия онлайн-конференсия дар мавзӯи «Пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба абонементи байни китобхонаҳо ва дастрасии ҳуҷҷатҳои электронӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ташкилкунандагони асосии конференсия Маркази фосилавии хизматрасонӣ ва маркази иттилоотии абонементи байни китобхонаҳои давлатии Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии Москва, шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва шуъбаи автоматикунонии раванди китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон буданд.
Дар конференсия асосан масъалаҳо оид ба фаъолияти низоми абонементи байни китобхонаҳо дар Федератсияи Россия, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуда, саволу ҷавоб доир ба таҷрибаи кории китобхонаҳо тавассути шабакаи интернет гузаронида шуд.
Дар ҷараёни конференсия намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки нархномаи Китобхонаи давлатии Россия мувофиқи дархости истифодабарандагон аз тарафи шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо ба қадри имкон паст гардад, зеро гаронии нархи адабиёт бисёр муштариёнро қонеъ намекунад ва ин боиси кам шудани мубодилоти электронӣ байни китобхонаҳо мегардад.
Ба зикри манбаъ, дар конференсия пешниҳод карда шуд, ки таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои Русия ва ИДМ тариқи воситаҳои шабакаи электронӣ пурсамартар гардад ва маълумоти китобхонашиносӣ — библиографӣ ба таври маълумотнома ҷо дода шаванд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






