Конфронс ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Шоҳигарии Белгия

Сентябрь 28, 2017 09:33

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар бинои Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Шоҳигарии Белгия ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия конфронс баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар донданд, дар конфронс намояндагони кишварҳое, ки 25 сол қабл бо Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ҳузур доштанд. Конфронсро Котиби генералии Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди  Шоҳигарии Белгия Дирк Ахтен ҳусни оғоз бахшида, дар идомаи он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла муовинони вазирони корҳои хориҷии Беларус, Украина, сафирони Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдова, Қирғизистон, Гурҷистон ва мушовирони сафоратҳои Қазоқистону Туркманистон вобаста ба муносибатҳои кишварҳои худ бо Белгия тайи 25 соли охир сухан гуфтанд.

Сафири Тоҷикистон зимни суханронии худ ҷанбаҳои калидии муносибатҳои дуҷонибаро бо Шоҳигарии Белгия шарҳ дода, аз ҷумла, иброз дошт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди робитаҳо бо Белгия дар бахшҳои сиёсиву фарҳангӣ, соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, сармоягузорӣ ва туризм буда, таҳкими ҳамкориро вобаста ба амният ва мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир айни муддао медонад”.

Муовини Нахуствазир, Вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс оид ба муносибатҳои дуҷониба бо намояндаи ҳар як кишвари дар конфронс ҳузурдошта сухан гуфта, зикр кард, ки Белгия ҷонибдори сулҳу амният, рушди иқтисодӣ ва пурқувват гардонидани равандҳои демократии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ мебошад ва кӯшишҳои худро барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ин манотиқ дареғ нахоҳад дошт.

Сентябрь 28, 2017 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд