Корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ барои тайёр намудани билети ҳарбии қалбакӣ дастгир шуд

Сентябрь 25, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ Авазхон Шайхов барои тайёр намудани билети ҳарбии қалбакӣ иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои Агентӣ, номбурда барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ аз С. Орифов 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ гирифта, бар ивазаш ба ӯ билети ҳарбии қалбакӣ додааст.

Билети харбиВобаста ба ҳолати зикргардида нисбат ба Авазхон Шайхов бо моддаи 247 қисми 3, банди «а» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, айни ҳол барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Сентябрь 25, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид