«Корвони саломатӣ» — дар шаҳри Хоруғ. Ташхис ва табобати ройгони беморон идома дорад

Сентябрь 1, 2017 12:43

ХОРУҒ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ табибон ва мутахассисони варзидаи соҳаи тиб дар чаҳорчӯби амалиёти «Корвони саломатӣ» пас аз  ташхис ва табобати ройгони сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон  ба шаҳри Хоруғ омаданд.  Мутахассиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Мусо Абдуқаҳҳоров гуфт, ки «ин амали хайр бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Мақсади асосии он ба ташхис ва муолиҷа фаро гирифтани қишри камбизоати ҷомеа аст, аммо ҳар сокини дигари шаҳр низ метавонад барои ташхис, табобат ва ё маслиҳат ба табибон муроҷиат кунад. Дар муддати бештар аз се рӯз табибон дар беморхонаи вилоятӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбонии маҳаллии худ чанд амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд».

Дар баробари расонидани кумаки тиббӣ бо ибтикори «Корвони саломатӣ» дар марказҳои саломатию  бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо гӯшаи «Гиёҳдармонӣ» ва маводи иттилоотиву маърифатӣ оид ба  роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳо ташкил карда шуд.

Сокини шаҳри Хоруғ Ҷобиршо Хубоншоев ба ин амали хайри табибон таҳсин хонда гуфт, ки «чанд моҳ боз дарди дил ӯро  азият медиҳад ва қасд дошт, ки барои ташхис ва табобат ба шаҳри Душанбе сафар кунад. Аммо имрӯз бидуни харҷи сафар ва хароҷоти ташхису табобат ба ӯ кумаки тиббии ройгон расониданд».

Сентябрь 1, 2017 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд