«MADE IN TAJIKISTAN!». Маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар «World Food Moscow-2017» соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд!

Сентябрь 19, 2017 08:51

ДУШАНБЕ, 19.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои истеҳсолии  Тоҷикистон  дар  намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017», ки дар пойтахти Россия баргузор гардид, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд.  Дар бахши «Бастубанд ва беҳтарин сифат»  миёни қариб 900 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон оби маъдании «Ҳавотоғ -1 Докторская» ва оби «Шаффоф» бо медали тилло ва дар номгӯи «Беҳтарин маҳсулоти сол  оид ба сифат ва  ороиши аслӣ»  зарфи шишагини нӯшокии «Лимонад» ва оби «Шаффоф»-и ширкати «Euro  Asia 2005» соҳиби медали нуқра гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки  дар  намоишгоҳи  26-уми байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» Ҷумҳурии Тоҷикистонро  7 ширкати истеҳсолӣ намояндагӣ карда, маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи «Made in Tajikistan» ба намоиш гузоштанд.  Дар доираи намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои  истеҳсолии Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки  бо ҳамтоёни  худ аз Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иртибот барқарор намоянд,  то дар оянда ҳамкориро тақвият бахшида,    барои  интиқоли маҳсулоти  хушсифтаи табиии   «Made in Tajikistan» замина гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки иштироки намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Food Moscow-2017»  дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи  Марказӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия  маблағгузорӣ мегардад, сурат гирифт.

Намоишгох

Сентябрь 19, 2017 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд