Медали тиллои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017»

Сентябрь 12, 2017 13:27

ДУШАНБЕ, 12.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи  умумиҷаҳонии «ЭКСПО — 2017 (EXPO-2017)» дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба унвони беҳтарин павилйон дар бахши  “ифшои сужаҳо” шинохта шуд ва медали тиллоро дар ин бахш касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба  гузориши сомонаи  “Tengrinews.kz”, дар намоишгоҳи «ЭКСПО – 2017» Тоҷикистон на танҳо барои иртибот бо мавзӯи намоишгоҳ, балки барои  таассуроти неки боздидкунандагон низ мавриди ситоиш қарор гирифт.

Дар  Намоишгоҳи умумиҷаҳонии  «ЭКСПО – 2017»  дар Остона, ки  3 моҳ қабл ба кор оғоз карда буд, беш аз 100 кишвари ҷаҳон  охирин дастовардҳои худро дар соҳаи “энергияи сабз” ё баргаштпазир дар маърази диди боздидкунандагон қарор доданд.

Дар  расми ифтитоҳи ин  намоишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Онҳо  дар ҳошияи саммити навбатии СҲШ аз ин намоишгоҳ боздид  ба амал оварданд.

Тавре мо қаблан хабар дода будем,  дар ҷараёни кори Намоишгоҳи умумиҷаҳонии  «ЭКСПО – 2017»  дар Остона беш аз 400 ҳазор нафар намояндагони кишварҳои гуногуни олам аз павилйони  Тоҷикистон дидан карданд.

Сентябрь 12, 2017 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд