Муаррифии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «JATA Tourism Expo Japan — 2017»

Сентябрь 28, 2017 14:39

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21-24 сентябри соли 2017 дар шаҳри Токиои Япония, дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии “Tokyo Big Sight” машҳуртарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «JATA Tourism Expo Japan — 2017» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ширкати сайёҳии ватании “Сайру саёҳати кӯҳии Тоҷикистон” муаррифӣ намуда, иштирокчиён ва тамошобинонро зимни намоиш бо захираҳои бойи сайёҳии Тоҷикистон ошно намуд. Ҳамчунин буклету брошюраҳои иттилоотӣ бо забони японӣ оид ба барномаҳои сайёҳӣ  манзараҳои нотакрори табиӣ, ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, хӯрокҳои анъанавии миллӣ, хусусияти нодири шарқӣ, меҳмоннавозии самимӣ ва мавҷудияти инфрасохтори замонавии кишварро ба таври возеҳ инъикос намуданд.

Зимни баргузории намоишгоҳи мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии кишвари иқомат “All Season Travel” имкониятҳои васеи сайёҳии Тоҷикистонро ҷиҳати ҷалби сайёҳони ин кишвар мавриди  тарғибу ташвиқ қарор дод.

Тибқи маълумоти ташкилкунандагони намоишгоҳ, соли 2016 намояндагони зиёда аз 128 кишвар аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба намоишгоҳи «JATA Tourism EXPO Japan» таваҷҷуҳ зоҳир намуда, беш аз 1790 ширкати сайёҳӣ дар он иштирок карданд.

Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «JATA Tourism EXPO Japan» барои афзоиш додани шумораи сайёҳони японӣ муфид хоҳад буд.

IMG0160

Сентябрь 28, 2017 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид