Мулоқоти расмӣ ва нишасти матбуотӣ бо ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25.09.2017. / АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии расмии ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин, ки роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистонро дар уҳда дорад, оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ва амалигардонии лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳа гуфтушунид намуданд.
Сипас, ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъдан бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфт, ки муносибатҳои фарҳангии ду кишвар танҳо бо баргузории Рӯзҳои фарҳанг маҳдуд намешаванд, зеро ин муносибатҳо дар сатҳи театрҳо, гурӯҳҳои ҳунарӣ, табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳо мунтазам рушд мекунанд.
Муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин дар тасдиқи сухани Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки то ин муддат, ки ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду кишвар 25 сол пур мешавад, дар соҳаи фарҳанг лоиҳаҳои гуногуни муштараки назаррас амалӣ гардидаанд.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






