Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Миср
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо Вазири тиҷорат ва саноати Миср Ториқ Қобил мулоқот анҷом дод.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаи иштироки ҳайати мисрӣ дар Форуми дуюми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баррасӣ гардид.
Интизор меравад, ки Форуми дуюми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҳти шиори «Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва сармоягузорӣ» бо иштироки Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ ва тиҷорату иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






