Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

Сентябрь 5, 2017 15:48

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.

— Мо аз таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, ки дар қитъаи Африқо ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд дорад ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки «ҷониби Тоҷикистон аз ҳузури доираҳои иқтисодию сармоягузории Африкаи Ҷанубӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ истиқбол хоҳад кард».

Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд.

Ҳар ду ҷониб ҳамчунин доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ табодули афкор намуданд.

Сентябрь 5, 2017 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд