Мушовири Сарвазири Покистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Носир Хон Ҷанҷуа зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки мушовири Сарвазири Покистон Носир Хон Ҷанҷуа аз толорҳои шуъбаи таърихи қадим ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо осори фарҳангӣ, нигораҳо ва бозёфтҳои нодири бостонии Тоҷикистон, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ ва давлатдории миллии тоҷикон мебошанд, шинос гардид. Меҳмони баландпоя дар Китоби фахрии Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Носир Хон Ҷанҷуа бо даъвати Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварда, дар доираи сафари кориаш бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории амниятиро байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ намуданд.
Мушовири Сарвазири Покистон ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантон ва шунавандагони муассисаҳои олии низомии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
Носир Хон Ҷанҷуаро зимни боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон намояндагони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Тариқ Иқбол Сумро, Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.










Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






