«Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботи конститутсионӣ дар кишвар»-конференсияи байналмилалӣ

Сентябрь 5, 2017 14:53

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботи конститутсионӣ дар кишвар»-таҳти чунин унвон судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзўи «Конститутсия ва модернизатсияи ҷомеа ва давлат», ки ҳафтаи гузашта дар  Ҷумҳурии Қазоқистон ба муносибати солгарди қабули Конститутсияи ин кишвар доир гардид, иштирок ва маърўза намуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд, судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода оид ба аҳамияти Конститутсия дар рушди давлатдории навин, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ҳифзи Конститутсия, таъмини суботи конститутсионӣ ва татбиқи муқаррароти Конститутсияи кишвар сухан гуфт.

Ба иттилои манбаъ, дар кори конференсия намояндагони мақомоти назорати конститутсионии ҷумҳуриҳои Арманистон, Булғористон, Венгрия, Гурҷистон, Қирғизистон, Латвия, Германия, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Шоҳигарии Иордания, Федератсияи Россия, Суди иқтисодии Авруосиё, Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Мудирияти генералӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқи Шўрои Аврупо, Созмони байналмилалии ҳуқуқшиносон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

«Зимни конференсия, ки тайи ду рўз идома ёфт, мавзўъҳои мухталифи марбут ба Конститутсия ва конститутсионализм, аз қабили Конститутсия ҳамчун воситаи модернизатсияи ҷомеа ва давлат, татбиқи меъёрҳои Конститутсия кафили рушди ҷомеа, нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини суботи конститутсионӣ дар мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити ислоҳоти конститутсионӣ, таҷрибаи пешбурди назорати конститутсионӣ дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзўъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ муҳокима  гардиданд»,- илова намуд манбаъ.

Сентябрь 5, 2017 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа