Неруи занон аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта мешавад
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» семинар баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар семинар намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, занону бонувони Хадамоти гумрук ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Ҳадафи семинар баланд бардоштани неруи занон аз ҳисоби хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ гардид.
Мадина Бобоева, сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа гуфт, ки «имрўз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, гумрук, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд».
Дарвоқеъ, ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2016 зикр гардида буд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат занону духтаронро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба садоқат ва фаъолияти босамари онҳо боварӣ доранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






