Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 09.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили бисту шашумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.


Дар табрику таҳнияти Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, чунин омадааст:

«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиб табрикоти хешро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯст ва бародари он кишвар иброз намоям.

Муштаракоти ғании динӣ ва фарҳангӣ миёни миллатҳои бо ҳам бародари мо равобити дӯстонаи миёни кишварҳои моро тавсеа додааст. Ман аз густариши ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, онро ба нафъи миллатҳои мо медонам.

Ман зимни ризоият аз равобити мавҷуд миёни кишварҳои мо орзу дорам ин равобит бо гузашти замон танаввӯъ ва таъмини бештар ёбад.

Сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзӯи ман аст».


Дар бар
қияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, табрикоти самимонаи худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоям.

Покистону Тоҷикистон дорои муштаракоти деринаи динӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ мебошанд. Сарфарозам, қаноатмандии худро аз тақвияти робитаҳо дар тӯли ин солҳо изҳор намоям ва боварӣ дорам, ки онҳо дар асоси уҳдадориҳои муштарак ҷиҳати густариш ва вусъат ёфтани бештари ҳамкориҳои дуҷониба идома меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва муваффақиятҳои беназир ва ба мардуми бародари Тоҷикистон, сулҳ, пешравӣ ва шукуфоиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми самимии худ ба Шумо ғанимат мешуморам».


Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Боиси хушнудист, ки ба муносибати Ҷашни миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самими худро ирсол медорам.

Итминон дорам, ки сатҳи баланди ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ, ки байни кишварҳои мо ба роҳ монда шудааст, барои рушди рӯзафзуни минбаъда ва таҳкими муносибатҳои мутақобилаи кишварҳоямон ба манфиати мардумонамон заминаи пойдор мегардад.

Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо самимона саломатии бардавом, саодатмандӣ ва комёбиҳо орзумандам. Хоҳишмандам табрикоти гарму ҷӯшон ва таманниёти беҳтарини сулҳ ва некӯаҳволиро ба мардуми дӯсти Тоҷикистон расонед».


Серҷио Маттарелла, Президенти Ҷумҳурии Италия, зимни табрикоти худ овардааст:

«Изоҷат фармоед аз номи худам ва инчунин аз номи мардуми Италия ба муносибати Ҷашни миллӣ табрикоти самимитарини шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ирсол дорам.

Дар соли 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ изҳорӣ умед мекунам, ки робитаҳои судманди мавҷудаи кишварҳоямон баъдан низ дар роҳи таҳкими минбаъдаашон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ идома меёбанд. Мутмаинам, ки ин ба шарофати ҳамкории Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи уҳдадориҳои нави он оид ба таъмини субот, некӯаҳволӣ ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар рӯҳияи ин дӯстӣ иҷозат фармоед бори дигар ба Шумо хушӣ ва ба мардуми Тоҷикистон некӯаҳволӣ орзу намоям!».


Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Арманистон, Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Кишвари Шумо ҳувияти миллӣ ва анъанаҳои беҳамтои худро нигоҳ дошта, роҳи таъмини рушди устувор ва шукуфоии давлат, баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро пеша кардааст.

Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, муносибатҳои эҳтироми тарафайн ва ҳусни таваҷҷуҳи самимии мардумонамон барои тавсеаи мунтазами ҳамкории байнидавлатии дорои иқтидори бузург заминаи пойдор мегарданд.

Сафари расмии моҳи июли соли равон анҷомдодаи Шуморо ба Арманистон, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамгироии дуҷониба такони муҳим бахшид, бо самимият ёд мекунам. Итминон дорам, ки муколамаи созанда дар сатҳи баланд минбаъд низ ба рушди шарикии Арманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо равона мегардад.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва некӯаҳволӣ орзумандам».


Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ,

Мехостам ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро изҳор намоям.

Самимона умедворам, дӯстӣ ва ҳамкории мо, ки солҳо дар соҳаҳои гуногун устувор гардидаанд, барои баланд бардоштани ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардумонамон боз ҳам таҳким меёбанд.

Имсол рамзист, зеро ки мо 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямонро таҷлил мекунем. Шуморо аз самими қалб бо ин санаи муҳим табрик менамоям ва итминон дорам, ки муносибатҳои мутақобилаи байни кишварҳоямон бардавом рушд мекунанд.

Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам таманниёти беҳтарини маро, таманниёти саломатии бардавом ба Шумо ва шукуфоии бепоёнро ба давлати Шумо бипазиред».


Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва аз номи мардуми Ветнам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон шодбош гӯям.

Ветнам ҳамеша ҳодисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар самти рушди кишвар таҳти роҳбарии Шумо хушҳол аст.

Кишварҳои мо соли 2017 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Изҳори умед мекунам, ки бар асоси натиҷаҳои ноилшуда мо ба хотири таҳким ва рушди муносибатҳои анъанавӣ ва дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Ветнам ва Тоҷикистон ба манфиати мардумони ду давлат барои сулҳ, некӯаҳволӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳем.

Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои беназир орзумандам».


Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шумо ва кулли мардуми Тоҷикистонро аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам бо Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯям.

Дӯстӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон анъанаҳои бой дорад. Мутмаинам, ки сатҳи баланди кунунии муносибатҳои байнидавлатии мо барои тақвияти ҳамкории мо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамеша заминаи пойдор мегардад.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳо, инчунин ба Тоҷикистони дӯст сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ таманно дорам».


Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ҷашнгирии Иди миллӣ — имконияти хеле муносиб барои ман аст, то ба Ҷаноби Олӣ аз номи Шӯрои Федералӣ табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин барои беҳбудӣ ва шукуфоии кишваратон таҳвил намоям.

Боварии комил дорам, ки эътимоди мутақобила ва дӯстие, ки аз он кишварҳои мо баҳра мебаранд, дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Хоҳишмандам таҳдиди ғояти эҳтироми маро қабул фармоед».


Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар барқияаш навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ табрикоти гарми хешро ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ирсол менамоям.

Мо замонеро паси сар карда истодаем, ки дар он ҳам умеди зиёд ва ҳам бехатарии амиқ дида мешавад. Ман соли равонро бо даъват ба сулҳи фарогир дар ҷаҳон оғоз намудаам. Ҳамаи кӯшишҳои мо ҳамчун як оилаи башарият, ки ба шараф ва адолат, рушду шукуфоӣ равона шудаанд, ба сулҳ вобастагӣ доранд. Арзишҳои мазкур дар Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид инъикос ёфтаанд ва онҳо моро ба ҳам пайванд месозанд.

Дар ин замони афзоиши ихтилофот дар арсаи ҷаҳон, ки Шумо Истиқлолияти кишваратонро ҷашн гирифта истодаед, ман ҳамчунин дарк менамоям, ки гуногунии Созмони Милал фаъолияти муштараки моро таҳким бахшида, инсонияти умумии моро таъйид менамояд.

Чун Шумо ин рӯзи махсусро қайд менамоед, ман ба мушорикати фаъол ва саҳми кишваратон дар тақвияти Созмони Милал ва пешбурди кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таъмини сулҳ, рушд ва ҳуқуқи инсон такя менамоям.

Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун – Абдуллоҳи II ибн ал Ҳусайн, Президенти Украина – Пётр Порошенко, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Рашид Олимов, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, Патриархи Москва ва кулли Россия Кирилл ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

 

Сентябрь 9, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфтанд
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд