Оғози 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол дар шаҳри Пекин

Сентябрь 26, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими кушодашавии 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир гардид. Дар ин маросим Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок дорад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросим раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки «ин ҳамоиш ҳамбастагию ҳамкории муштарак ва мубодилаи афкори судмандро оид ба масъалаҳои мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир фароҳам меоварад».

Сипас, Котиби генералии Интерпол Юрген Шток изҳор дошт, ки чунин ҳамоиши сатҳи баланд метавонад барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир мусоидат намуда, ҳамкории кормандони полиси давлатҳои ҷаҳонро тақвият бахшад.

Ба иттилои манбаъ, 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин то 29 сентябри соли равон идома меёбад.

Сентябрь 26, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад