Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Сентябрь 13, 2017 07:13

ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмони варзишгоҳ пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад.

Минбари ғарбӣ аз 9 қатор барои 1 ҳазору 876 ҷойи нишаст ва шимолӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой, ҷанубӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой ва шарқӣ аз 10 қатор барои 2 ҳазору 340 ҷойи нишаст иборат мебошад. Варзишгоҳ дорои чор даромадгоҳ буда, бо тарҳ ва услуби меъмории миллӣ сохта мешавад.

Варзишгоҳи мазкур дар тарҳ шакли чоркунҷаро доро буда, минбари ғарбӣ аз ду ошёна иборат мебошад ва дар он толори VIP низ ҷойгир карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мутахассисону лоиҳакашонро ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва масолеҳи аълосифати ватанӣ ҷалб намуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат варзишгоҳҳои зебою замонавӣ ба истифода дода шуда, рушди соҳаи варзиш дар кишвар таъмин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 8 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида барои бунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 0,55 гектар буда, масоҳати умумии бино 1 ҳазору 247,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи аввали бино толори фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.

Фармоишгари бинои замонавии Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст.

Паймонкории ин иншоотро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» ба уҳда дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо ҷалб намуда, иброз доштанд, ки Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бояд солҳои дароз ба мардум хизмат намояд.

Тибқи лоиҳа анҷоми корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон соли 2018-ум ба нақша гирифта шуда, дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 13.09.2017

Сентябрь 13, 2017 07:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон