ОБУ ҲАВО: дар шарқи Тоҷикистон боридани барф дар назар дошта шудааст

Сентябрь 18, 2017 12:23

ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи сентябр вазъи обу ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар шарқи мамлакат боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 18 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо пастшавии ҳарорат ба назар мерасад. Дар доманакӯҳҳо гармӣ рӯзона ба 30 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст гардида, ҳарорат рӯзона ба 33 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 21 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки боронию барфро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, ҳарорат дар ғарб 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи ин вилоят ҳавои ноустувор ва боридани барф пешгӯӣ шуда, ҳарорат ба 14 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва боридани боронҳои кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 35 ва дар доманкӯҳҳо ба 28 дараҷа мерасад.

Агентии обуҳавошиносӣ барои сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳавои чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мекунад.  Дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона ба 12-14 ва рӯзона ба 33-35 дараҷа мерасад.

Сентябрь 18, 2017 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид