ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст

Сентябрь 28, 2017 08:45

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар шимоли кишвар боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 28 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ дар водиҳо рӯзона ба 34 дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрнок шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат рӯзона дар водиҳо 24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносони кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 14 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 32 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, пагоҳ, 29 сентябр дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар бо сабаби вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал  меояд.

Сентябрь 28, 2017 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад