ОБУ ҲАВО: тафси ҳавои фасли тирамоҳ коҳиш меёбад

Сентябрь 14, 2017 08:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 17 сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шимолу шарқи ҷумҳурӣ номуътадил гашта, пастшавии ҳарорат дар ин мавзеъҳо дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 14  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат рӯзона ба 36  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 2 дараҷа паст гардида, ҳарорат рӯзона ба 34 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 24 дараҷа хоҳад расид.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар ғарби вилоят ҳарорати 24-29 дараҷа ва дар шарқи он ҳавои тағйирёбанда ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст, ки то ба 16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 36 дараҷа мерасад.

Ҳарорати ҳаво сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанберо, ки чанд муддатест интизори боридани борон ва пастшавии ҳароратанд, чандон хушҳол намекунад. Зеро вазъи ҳаво,  ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, чанд муддати дигар тағйирёбандаи бебориш боқӣ монда, ҳарорати ҳаво барои имрӯз  35 дараҷа пешбнӣ гардидааст.

Сентябрь 14, 2017 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад