Пешвои миллат: «Дар Тоҷикистон қариб 240 намуди сабукиҳои андозӣ ва 70 шакли ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст»
ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 50 нафар шахсони ҳуқуқӣ бо сармояи амрикоӣ ба қайд гирифта шуда, ин корхонаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сохтмон, алоқа ва хизматрасониҳои молиявӣ фаъолият доранд. Гардиши мол байни Тоҷикистону ИМА тайи солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷоратии соҳибкорони амрикоӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас густариш меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бо истифода аз имкони мусоид ва дар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка мулоқот намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз тадбирҳои навбатии Ҳукумати кишвар дар ин самт маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорони амрикоӣ оид ба замина, қонунгузории мамлакат дар самти тиҷорату иқтисод ва ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор гардонидани онҳо, кафолатҳои ҳимояи сармоягузорон ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаҳои ба он марбут изҳори назар карданд.
Президенти кишвар, аз ҷумла, таъкид намуданд, ки «танҳо тайи ду соли охир бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Cавдо зиёда аз 100 санади меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили 40 қонуни нав қабул гардида, ба санадҳои меъёрии ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Мавриди амал қарор гирифтани ин санадҳо тартиби ба қайд гирифтани фаъолияти соҳибкоронро сода гардонида, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад. Бо мақсади сода гардонидани рафтуомади соҳибкорон дар кишвари мо навъи махсуси раводид — «сармоягузорӣ» ҷорӣ карда шудааст».
Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуданд, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани соҳибкорон, мо аз механизми имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ ва дигар кафолатҳо васеъ истифода мебарем. Айни замон дар Тоҷикистон қариб 240 намуди сабукиҳои андозӣ ва 70 шакли ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст. Мавриди амал қарор гирифтани усули «равзанаи ягона» расмиёти бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронро аз сездаҳ то се адад ва муҳлати иҷрои онро то 3-5 рӯз ихтисор кард. Ҷорӣ намудани низоми равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ муҳлати гузаронидани чунин амалиётро хеле коҳиш дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






