Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар сурати обод кардани мамнӯъгоҳи «Даштиҷум» барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ пайдо мегарданд»

Сентябрь 13, 2017 12:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зист, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ бо мақсади зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир, ҳифзи онҳо аз шикори ғайриқонунӣ, вусъат додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши экосистемаи табиӣ вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи «Даштиҷум»-ро, ки дар масоҳати қариб 20 ҳазор гектар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъсис дода шудааст, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Ин тасмим имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳия бо мақсади зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир, ҳифзи онҳо аз шикори ғайриқонунӣ, вусъат додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши экосистемаи табиӣ гирифта шуд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳ намудҳои нодири ҳайвонот ва парандаву наботот, ки қисми зиёди онҳо ба «Китоби Сурх» ва рӯйхати ҳайвоноти нодири Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил мебошанд, мавҷуданд ва дар сурати муҳайё намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва обод кардани он барои рушди сайёҳӣ  имкониятҳои васеъ пайдо гардида, ҳам барои буҷети ноҳия ва ҳам барои сокинон манбаи иловагии даромад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё хоҳанд шуд.

Президенти мамлакат дар идомаи суханронӣ зарур шумориданд, ки тавассути ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба  ин масъала аҳамияти махсус дода шавад.

Сентябрь 13, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд